Нишасти Шӯрои мудирони Сандуқи иқлими сабз соли 2022 дар шаҳри Душанбе
Нишасти Шӯрои мудирони Сандӯқи иқлими сабз соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши сомонаи Ховар, интизор меравад, ки соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз доир шуда, ҳамзамон Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сандуқи иқлими сабз ба имзо расад.
Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди иқлими сабз дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва директори минтақавии Сандуқи иқлими сабз Па Оусман Чарчу дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
Ба навиштаи манбаъ, мусоҳибон инчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бо маблағгузории Сандуқи иқлими сабз дар Тоҷикистон амалишаванда, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ бо ҷалби маблағҳои Сандуқи иқлими сабзро баррасӣ намуданд.
Баҳодур Шерализода ва Па Оусман Чарчу ҳамзамон дар масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои грантии Сандуқи иқлими сабз дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, ки дар стратегияҳои миллӣ дарҷ гардидаанд, ба мувофиқа расиданд.