Ноябр 06, 2021 15:18 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон хостори афзоиши тавлиди барқи обӣ барои ҳифозати муҳити зист шуд

Муовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон хостори афзоиши тавлиди барқ аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ барои ҳифзи муҳити зист шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Ҷамшед Шоҳинзода дар суханоне дар нишасти ҷаҳонии об ва ҳавоии Созмони милал дар Глазго гуфт, сохти нерӯгоҳҳои барқи обӣ мӯҷиби кумак ба таъмини оби мавриди ниёзи бахшҳои кишоварзӣ ва мардум мешаад.

Вай афзуд, аз нигоҳи ҳифзи муҳити зист низ тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар муқоиса бо сӯхтҳои таҷдиднашаванда, олоянадагии камтаре дорад.

Ӯ изҳор кард, аз ин рӯ, зарурати тадвини барномаи минтақаии сохти нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварҳои кӯҳистонӣ назири Тоҷикистон вуҷӯд дорад, ки заминаи ҷилавгирӣ аз вуқуъи сел ва дигар балоҳои табиро низ фароҳам мекунад.

90 дарсади барқи Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад.

 

Барчасп