Ноябр 09, 2021 14:16 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи пойгоҳи низомии артиши Русия дар Тоҷикистон бо танкҳои нав

Фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия аз интиқоли 60 дастгоҳ танкҳои нави Т- 72 Б3М (Т - 72Б3М) ба пойгоҳи 201, мустақар дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи нашрияи Тоҷикистон, генерал Александр Лапин гуфтааст, ки ин теъдод танки нав то охири соли ҷорӣ ба пойгоҳи низомии 201 артиши Русия, мустақар дар наздикии шаҳри Душанбе таҳвил дода хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ба манзури тақвияти тавони размии нерӯҳои мустақар дар пойгоҳи 201 ва барқарории ҳамоҳангӣ бо артиши Тоҷикистон барои муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон, дар моҳи ноябр низ чанд размоиши муштараки низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.

Пас аз таҳаввулоти Афғонистон то ба ҳол ин созмон 20 размоиши низомии муштарак дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузор кард.

Аз нигоҳи фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия, авзои амниятии Афғонистон печида мебошад, ки зарурати иртиқои тавони размии нерӯҳои вокуниши сареи СПАД -ро матраҳ месозад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп