Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо муовини вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Муҳаммадтақии Собирӣ бо Шараф Шерализода роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлунақл ва фарҳангиву гардишгарӣ миёни Теҳрон ва Душанбе баҳс ва табодули назар шуд.
Ҳамчунин тарафҳо роҳҳои сармоягузории ширкатҳои эронӣ дар иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамкориҳои бонкӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин дидор роҷеъ ба мавзеи Эрон ва Тоҷикистон дар бораи авзои Афғонистон ва зарурати барқарории амният дар ин кишвар ройзанӣ шуд.
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ва муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози хушҳолӣ аз густариши равобити ду кишвар дар тамоми заминаҳо, бар зарурати суръат бахшидан дар иҷрои тавофуқоти дуҷониба таъкид карданд.
Бештар бихонед:
- Дидори кадри фаннии тими миллии Умеди Эрон бо сафири Эрон дар Тоҷикистон
- Дидори раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон бо сафири нави Тоҷикистон дар Теҳрон