Ноябр 10, 2021 16:59 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои дарёфти 1 миллиард доллар кумаки хориҷӣ

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, лоиҳаи дарёфти кумакҳои молии хориҷӣ барои солҳои 2022 то 2024 ба маблағи 1 миллиард доллар таҳия шудааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, акнун ин лоиҳа барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст.

Бар асоси ин лоиҳа, қарор аст соли 2022 ҳудуди 292 миллиону 800 ҳазор доллар, дар соли 2023 маблағи 360 миллион доллар ва дар соли 2024 ҳудуди 364 миллиону 400 ҳазор доллар ба иқтисоди Тоҷикистони кумаки молӣ шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябри соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 800 миллион доллар расидааст, ки баробар бо 44,6 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Тоҷикистон як миллиарду 200 миллион доллар ба Чин қарздор аст.

Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Рушди Исломӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул аз ниҳодҳои аслии кумаккунанда ба Тоҷикистон ҳастанд.