Ноябр 11, 2021 11:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори қатъии барқ ба сокинони шаҳри Хуҷанд

Масъулони ширкати тавзеъи барқи шаҳри Хуҷанд бо ирсоли паёмак ба муштаракон шаҳри Хуҷанд эълом карданд, дар сурати сарфаҷӯӣ накардан, барқи манозили онҳо қатъ хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик Ҷумъа Воҳидов, роҳбари техникии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар оғози моҳи ноябр истифодаи нерӯи барқ 2 миллион киловат соат буд, аммо дар ин шабу рӯз то ба 2 миллиону 750 ҳазор киловат соат зиёд шудааст.

Ба иддаои ин масъули шабакаҳои барқ, талаботи аҳолӣ ба барқ дар фасли зимистони соли гузашта низ чунин набуд. Ӯ гуфт, ҳоло ҳаво чандон сард нест, вале сокинони Хуҷанд масрафи барқро ба андозаи фасли зимистон баробар карданд. Аз ин рӯ аҳолиро ҳушдор додаанд, ки дар истифодаи нерӯи барқ сарфаву сариштакор бошанд, чун фасли сармо дар пеш аст. 

Паёмаки огаҳкунанда дар ҳоле ба мардум расид, ки ба гуфти онҳо аз оғози моҳи ноябр ҳаво якбора сард шуд, маҷбур ба дастгоҳҳои барқӣ рӯй оварданд. Чун дар баландошёнаҳо имкони ба василаҳои дигар гарм кардани хонаҳо вуҷуд надорад. Гурӯҳе гуфтанд бидуни ҳушдори “Барқи тоҷик” низ дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор шудаанд.  

Ин дар ҳоле аст, ки сокинон мегӯяд, ҳавасманди зиёд истифода бурдани барқ нестанд, вале дар баландошёнаҳо илоҷи дигари зиндагиву гарм кардани ҳуҷраҳо вуҷуд надорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп