Ноябр 11, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва СММ бар идомаи гуфтугӯҳои муассир ва ҷомеъ

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон бо муовини дабири кулли Созмони милал, намояндаи олии ин созмон барои кишварҳои маҳсӯр дар хушкии дар ҳоли тавсеа мулоқот кард.

Дар дидори Музаффар Ҳусайнзода ва Куртенай Раттрай, тавсеаи ҳамкории фарогир бо бахшҳои сохтории СММ, рафъи пайёмадҳои Ковид – 19 ва камбуди воксан, пешгирӣ аз пайёмадҳои тгуфағйири иқлӣм ва таъсири манфии он бар муҳит зист баррасӣ шуд.

Ҳусайнзода мақоми Созмони Милали Муттаҳидро дар мавриди ибтикороти ин кишвар дар заминаи обу ҳифозат аз яхчолҳои табиӣ, бавижаи даҳаи байналмилалии амал «Об барои тавсеаи пойдор  2018 - 2028» огоҳ кард.

Тарафайн алоқаи амиқи худро барои тарвиҷи гуфтугӯи муассир ва ҷомеъ байни Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар заминаҳои мавриди алоқаи ду тараф, бавижа дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор, дастури кор дар заминаи тавсеаи пойдори давраӣ то соли 2030 ва барномаи иқдоми Вена барои кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсӯр дар хушкӣ, иброз карданд.

 

Барчасп