Ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ аз роҳбурди нави Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i76722-Ҳимояти_Бонки_Ҷаҳонӣ_аз_роҳбурди_нави_Тоҷикистон_дар_бахши_кишоварзӣ
Мақомоти Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ тадвини роҳбурди нави тавсеаи бахши кишоварзиро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 12, 2021 17:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ аз роҳбурди нави Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ

Мақомоти Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ тадвини роҳбурди нави тавсеаи бахши кишоварзиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба раёсати Озан Севимли, намояндаи доими ин бонк дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин мулоқот тарафайн дар мавриди суръат бахшидан дар иҷрои тарҳи беҳбуди кишоварзӣ дар Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Дар идомаи ҷаласа, тадвини роҳбурди ҷадиди тавсеаи бахши кишоварзӣ то соли 2030 низ баррасӣ шуд.