Ноябр 12, 2021 22:10 Asia/Dushanbe
  • Дархости нахуствазири Тоҷикистон аз ҳамтоёни хеш дар ИДМ

Нахуствазири Тоҷикистон хостори рафъи монеаҳои мавҷуд дар равобити иқтисодиву тиҷории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва осонсозии табодули молу коло, сармоя, нерӯи инсонии мутахассис ва хадамот шуд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Қоҳир Расулзода дар нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи ҷумъаи 12 ноябри соли ҷорӣ аз тариқи иртиботи тасвирӣ баргузор шуд, бар зарурати рафъи мавонеи мухталифи маснӯӣ дар равобити тиҷории ин маҷмаъ таъкид кард.

Вай эълом кард, ки мизони мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ба 47 дарсад расид, ки дар сурати рафъи монаҳо метавонист бештар низ бошад.

Дар ин нишаст дар бораи сатҳи феълӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ, сармоягузории муштарак, энержӣ, гумрук ва транзит, омӯзиш ва дармонӣ, кишоварзӣ ва саноат миёни кишварҳои узви ИДМ баҳс ва табодули назар шуд.

 

Барчасп