Дӯрахшиши шоири тоҷик дар панҷумин Ҷашнвораи адабии "Авруосиё -2021"
(last modified Sun, 14 Nov 2021 08:17:25 GMT )
Ноябр 14, 2021 13:17 Asia/Dushanbe
  • Дӯрахшиши шоири тоҷик дар панҷумин Ҷашнвораи адабии

Шоири тоҷик ҷоизаи «Занон барои сулҳ» дар панҷумин Ҷашнвораи адабии "Авруосиё -2021"-ро баранда шуд.

Адиби тоҷик Шоираи Раҳимҷон дар Ҷашнвораи 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021, ки 11 ноябр дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз шуда, то 14 идома меёбад, миёни 16 адиби дигари зан аз саросари ҷаҳон сазовори ҷоизаи «Занон барои сулҳ»  гардид.

Ба навиштаи сомонаи «Ховар», дар Ҷашнвораи 5-уми адабии Авруосиёии Лиффт-2021 се шоири тоҷик — ҳамраиси Ассамблеяи халқҳои Авруосиё Абдуқаҳҳори Қосим, шоирони  шинохта Хосият Вализода ва Шоираи Раҳимҷон миёни 500 нафар шоир аз 69 кишвар — Туркия, Озарбойҷон, Амрико, Русия, Белгия ва ғайра дар Истанбул иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки Ҷашнвораи адабии Авруосиёии Лиффт ҳамасола аз ҷониби Ассамблеяи халқҳои Авруосиё баргузор мегардад. Ҳадафи он таҳкими эҷодкорӣ ва дӯстии нависандагон ва хонандагон дар Авруосиё ва эҷоди фазои ягонаи адабиёти Авруосиё мебошад. Ба ғолибони он ҷоизаҳои гуногун дода мешаванд.