Ҳамкории Русия бо Тоҷикистон дар таъсиси сомонаи зиддиҳавоӣ
(last modified Tue, 16 Nov 2021 08:51:29 GMT )
Ноябр 16, 2021 13:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Русия бо Тоҷикистон дар таъсиси сомонаи зиддиҳавоӣ

Ҳукумати Русия фармони таъсиси сомонаи воҳиди дифои ҳавоӣ бо Тоҷикистонро имзо кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Михаил Мишустин бо имзои ин фармон ба генерал (артишбуд) Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дастур додааст, ки заминаи иҷрои ин тарҳро фароҳам кунад.

Ҳадаф аз ин иқдом афзоиши тавони муқобила бо таҳаррукоти душмани фарзӣ барои вуруд ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва дифоъ аз марзҳои ҳавоии ин кишвар эълом шудааст.

Ҳамоҳангии фаъолияти сомонаи ҷадид бо генерал Сергей Сорокин, фармондеҳи Нерӯи ҳаво-фазои Русия хоҳад буд. Ба далели фосилаи зиёд миёни Тоҷикистон ва Русия, тасмим гирифта шудааст, ки сомонаи дифои ҳавоии муштарак миёни Душанбе ва Маскав ба унвони бахше аз барномаи дифои ҳавоии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, фаъол шавад.

Тавофуқ бар сари таъсиси ин сомонаи дифои ҳавоӣ 27 апрели соли ҷорӣ дар сафари Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт.

 

Бештар бихонед: