Ради дархости вакили мудофеаи Иззат Амон дар додгоҳи Олии Тоҷикистон
(last modified Tue, 16 Nov 2021 15:44:38 GMT )
Ноябр 16, 2021 20:44 Asia/Dushanbe
  • Ради дархости вакили мудофеаи Иззат Амон дар додгоҳи Олии Тоҷикистон

Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо ради дархости вакили мудофеъ Иззат Амон, мудофеъи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳукми 9 сол зиндон барои вайро бедуни тағйир гузошт.

Ба гузориши сомонаи нашрияи Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Холов писари Иззат Амон гуфта аст, ки дархости вакили мудофеъ ва хонаводаи онҳо барои таҷдиди назар дар ҳукми 9 сол зиндони падараш, беҳузури вай баррасӣ ва бедуни тағйир гузошта шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе як моҳ пеш Иззат Амонро ба итиҳоми қаллоби  молӣ дар Русия аз коргарони муҳоҷири тоҷик барои кумак ба озодии бастагони онҳо аз зиндонҳои ин кишвар ба 9 сол зиндон маҳкум карда буд.

Марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Маскав бо судури ҳукме гузарномаи русии Иззат Амонро лағв ва ӯро бар асоси банди 18 қонуни кайфарии Русия марбут ба нақзи қавонини кор ва зиндагӣ дар ин кишвар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва истирдод ба Тоҷикистон маҳкум кард.

Вай аз соли 1996 бо дарёфти шаҳрвандии Русия дар ин кишвар зиндагӣ мекард.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ бар зидди ин шаҳрванди тоҷик ба иттҳоми қаллоби парвандаи ҷинои ташкил дод ва уро ба маҳзи вуруд ба Душанбе боздошт кард.

 

Бештар бихонед: