Ноябр 17, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши арзиши мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 10 моҳи имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 1 миллиарду 600 миллион доллар афзоиш доштааст.

Ба гузориши сомонаи «Авесто», арзиши мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз июн то октябри имсол 5 миллиарду 20 миллион доллар будааст, ки 33 дарсад бештар аз муддати мушобеҳ дар соли 2020 аст.

Бар асоси гузориши Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тарози тиҷории кишвар (тафовут байни хариду фурӯш) дар ҳоли ҳозир манфӣ аст, зеро арзиши колоҳои воридотӣ дар ин давраи замонӣ 3 миллиарду 345 миллион доллар будааст, аммо арзиши содирот 1 миллиарду 674 миллион доллар эълом шудааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон бо 109 кишвар мубодилаи тиҷорӣ доштааст.

Шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар ин давра Русия, Қазоқистон, Швейтсария, Чин, Узбакистон ва Туркия будаанд.