Ноябр 11, 2016 20:42 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми пайвастан ба ДИИШ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду сокини пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, ахиран Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду нафар аз сокинони пойтахти ин кишвар бо номи Наҷмиддинхоҷа Абдуллоев ва Ривоҷиддин Бобохоновро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 6 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

 Наҷмиддинхоҷа Абдуллоев, ки донишҷӯи риштаи дорусозӣ дар Омӯзишгоҳи улуми пизишкии шаҳри Екатеринбурги Русия буд, моҳи марти имсол ба қасди пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ озими шаҳри Истанбули Туркия шуд, аммо ҳангоми убур аз марзи ин кишвар, дар минтақаи Ғозёнтеппа боздошт ва ба Достонии кулли Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Ҳамчунин Ривоҷиддин Бобохонов, сокини дигари шаҳри Душанбе дар моҳи август, ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо дар масири Маскав-Бокӯ –Истанбул аз сӯйи маъмурони Хадамоти амнияти федералии Русия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 200 тан аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.