Ноябр 18, 2021 15:58 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз сохти сад дар Афғонистон

Муовини аввали раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз сохти сад дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Низом Мирзозода, ки барои боздид аз селбанди соҳили рӯдхонаи марзии Панҷ ба ин минтақа рафта буд, гуфт, тарафи Афғонистон бо кумаки молии шарикони тиҷорӣ сохти садеро оғоз карда, ки барои Тоҷикистон мушкил эҷод хоҳад кард.

Вай афзуд, зеро бо эҳдоси ин сад хатари зери об рафтани 140 гектор заминҳои кишоварзии ноҳияи Рӯшон, тахриби бахше аз масири байналмилалии Душанбе ба Хоруғ, вайрон шудани 20 манзили маскӯнӣ, як воҳиди домдорӣ ва таъсисоти зербиноӣ дар соҳили рӯдхонаи Панҷ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон вуҷӯд дорад.

Ӯ изҳор кард, аз ин рӯ, бояд мақомоти вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон дидор ва дар бораи ин мавзӯъ баҳс ва табодули назар кунанд.

Рӯдхонаи Панҷ марзи обӣ миёни вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон аст.

 

Барчасп