Ноябр 19, 2021 17:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон

Бо дархости мақомоти Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд.

Комилҷон Юлдошеви 29 - сола сокини Исфараи Тоҷикистон аст.

Осимҷон Юлдошев, яке аз наздикони Комилҷон гуфт, ӯ 16 - ноябр бо ҳавопаймо ба шаҳри Маскав сафар кард, вале дар фурудгоҳи Домодедово дастгир шуд.

Вай идома дод, ба Комилҷон гуфтаанд, ки бо дархости мақомоти қазоии Қирғизистон таҳти таъқиб аст ва бояд боздошт шавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва Русия то кунун дар бораи боздошти Комилҷон Юлдошев изҳори назар накардаанд.

Бастагони Юлдошев низ гуфтанд, ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карданд ва мунтазири кумаки мақомот ҳастанд.

Комилҷон Юлдошев, сокини рустои Сурхи ҳаммарз бо Қирғизистон аст.

Ба гуфти наздиконаш, мақомоти Қирғизистон Юлдошевро ба ширкат дар муноқишаҳои марзӣ муттаҳам карданд, аммо онҳо ақида доранд, Комилҷон дар ҳеҷ муноқишаи марзӣ ширкат надоштааст.

Фароғат Абдулфаттоев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ ба дархости мақомоти қирғиз боздошт, вале моҳи июни имсол озод шуд.

 

 

 

Барчасп