Ноябр 20, 2021 09:53 Asia/Dushanbe
  • Озодии шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Русия

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав боздошт шуда буд, 19 ноябри соли ҷорӣ озод шуд.

Ба гузориши сомонаи ТопТҷ, Комилҷон Юлдошови 29 сола сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон 16 ноябри соли ҷорӣ ҳангоми парвоз аз Тоҷикистон ба Русия дар Маскав боздошт ва ба боздоштгоҳи муваққат мунтақил шуд, ки пас аз пайгриҳои мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ва вазорати умури хориҷаи ин кишвар акнун озод шудааст.

Ин сеюмин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки тайи як моҳи ахир дар Русия ба дархости мақомоти қазои Қирғизистони боздошт возод мешаванд .

Қаблан Дловар Ҷӯраев ва Фурқат Абдулфаттоҳов ду сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон низ ба дархости мақомоти қазоии Қирғизистон ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои марзии ду кишвар боздошт шуда буданд, ки пас аз таҳқиқ озод шудаанд.

Ҳарсеи онон шаҳрвандии Русияро низ доранд ва дар замони вуқуъи даргирии марзӣ миёни сокинони навоҳии Исфара ва Ботканд дар баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳузур надоштаанд.

 

Барчасп