Ноябр 20, 2021 10:03 Asia/Dushanbe
  • Барномарезӣ барои таъмини оби ошомидании беҳдоштии 400 ҳазор сокини манотиқи рустоии Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ҳамкории ҳукӯмати ин кишвар бо Барномаи байналмилалии рушд барои таъмини оби ошомидании беҳдоштии 400 ҳазор сокини манотиқи рӯстоиро баррасӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Авесто, ҳангоми баррасии ин тарҳ таъкид шуд, ки тайи солҳои ахир 52 тарҳ ба арзиши 8 миллиардсомонӣ барои беҳбӯди дастрасии мардуми Тоҷикистон ба оби ашомиднии беҳдоштӣ иҷро шудааст.

Ба далели муҳим будани мавзӯ, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ҳамкории ин кишвар бо Барномаи байналмилалии рушд барои таъмини оби ошомидании беҳдоштии 400 ҳазор сокини манотиқи рӯстоиро дар вилояти Хатлон тасвиб кард.

Бар ин асос, Барномаи байналмилалии рушд барои таъмини оби ошомидании беҳдоштии 400 ҳазор сокини манотиқи рӯстои ноҳияҳои Балхӣ, Ҷаҳун, Дӯстӣ, Кушониён, Восеъ ва Вахши вилояти Хатлон то соли 2025 маблағи 58 миллиондоллар ҳазина хоҳад кард.

 

Барчасп