Ифтитоҳи бузургтарин маркази тиҷоратӣ ва тафриҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
(last modified Sat, 20 Nov 2021 06:27:32 GMT )
Ноябр 20, 2021 11:27 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи бузургтарин маркази тиҷоратӣ ва тафриҳии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бузургтарин марказӣ тиҷоратӣ ва тафриҳии ин кишварро дар шаҳри Душанбе мувсум ба “Сиёма молл”-ро ифтитоҳ кард

Ба гузориши Сомонаи "Спутник", Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин маказ гуфт, ки масоҳати он 24 ҳазор метр мебошад, ки бо 86 нуқтаи тиҷоратӣ барои 700 нафарро фароҳам мекунад, ки дар Тоҷикистон бузургтарин бино аз ин навъ ба ҳисоб меояд.

Вай такид кард, ки ин маркази 3 ошёна дорои маркази савдо ва тиҷорат, маркази хидматрасонии интернетӣ, синамо, тарабхона, толорҳои омӯзиш ва саргармии кӯдакон низ мебошад, ки аз сӯи шаҳрдории Душанбе ва ширкати “Авесто Гурӯҳ”  сохта шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бинои нави ҳавошиносӣ, як мактаби омузиши давлатӣ ва як мактаби хусусӣ ва бинои ҳукумати ноҳияи Синоро ифтитоҳ кард.