Ноябр 22, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Сафари масъулони сиёсати хориҷӣ Иттҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон

Ҷозеп Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳайате аз ин иттиҳодия барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Борреллро дар ин сафар Ютта Урпилайнен, ҳамоҳангкунандаи умури байналмиллали Иттиҳодияи Аврупо ва вазири молияи Финландия ҳамроҳӣ мекунад.

Ҳадаф аз сафари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон баррасии вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон шудааст.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо қаблан эълон карда буданд, ки барномаи кумак ба таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти байналмиллалии Осиёи Марказӣ-Иттиҳодияи Аврупо, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Ҷозеп Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи октиябри соли ҷорӣ дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Душанбе ва кумак ба ин кишвар ба манзури тақвияти марз бо Афғонистон ибрози омодагӣ карда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп