Ноябр 23, 2021 11:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Эрон

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин дидор рӯзи душанбеи 22 ноябри соли 2021 дар Теҳрон анҷом шуд.

Бар асоси иттилои ин сомона, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бо Муҳаммад Маҳдии Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси мавзӯоти мухталифи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили сафарҳо ва барномаҳои ҳунарии муштарак бо иштироки аҳли адабу фарҳанги ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон пас аз интихоби Сайид Иброҳими Раисӣ ба унвони раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон ва сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯ ба густариш ниҳодааст.  

 

 

Бештар бихонед: 

Барчасп