Фарсудагии 23 дарсад аз таҷҳизоти кишоварзии Тоҷикистон
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълон кард, беш аз 23 дарсади таҷҳизоти кишоварзии ин кишвар ба далили куҳна ва фарсуда шудан ғайри қобили истифода мебошад.
Ба гузориши ожонси давлатии омори Тоҷикистон беш аз 6 ҳазору 400 дастгоҳ ё 23 дарсади таҷҳизоти кишоварзии ин кишвар, ки дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзӣ қарор дод қобили истифода намебошад.
Бар асоси ин гузориш дар ҳоли ҳозир 27 ҳазору 427 дастгоҳи трактор дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон қарордод, ки танҳо беш аз 21 ҳазору 500 дастгоҳ қобили истифода аст.
Тоҷикистон барои таъмини ниёзи ширкатиҳои кишоварзии худ дар солҳои ахир беш аз 10 ҳазор дастгоҳи трактор аз хориҷ ва асосан ҷумҳурии Беларусия ворид карда аст. Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи сентиябри соли 2018 дар маркази ноҳияи Ҳисор, марҳалаи дуюми корхонаи мантажи тракторҳои Беларус ба баҳрабардори расид, ки аз зарфияти тавлиди ҳазору 412 дастгоҳ трактор дар сол бархурдор мебошад.
Бахши кишоварзии Тоҷикистон ба илати куҳна ва фарсуда шудани таҷҳизоти кишоварзи ба шидат ба навсозии таҷҳизот ниёз дорад, ки бо роҳандозии корхонаи мантажи тракторҳои Беларус дар шаҳри Ҳисор, заминаи таъмини ин навъ васоил фароҳам хоҳад шуд.
Ҳамчунин Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон умедвор аст, ки битавонад бахшӣ аз ин тракторҳоро ба кишварҳои ҳамсоя содир кунад.
Бештар бихонед: