Ноябр 25, 2021 12:30 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон

Масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз кумакҳои ин иттиҳодия ба Тоҷикистон тайи солҳои наздик хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар шаҳри Душанбе бо иштироки Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл, Ваколатдор оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен ва Сардори Намояндагӣ, Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар нишаст доир ба масъалаҳои мубрами  рӯз дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва бемории COVID-19 изҳори андеша карда шуд.

Ҷозеп Боррелл зимни баррасии масоили амниятӣ оид ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон зикр намуд, ки ИА омода аст дар ин масъала, бахусус дар самти ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қариб 1400 километр бо Афғонистонро ташкил медиҳад, таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Инчунин ӯ гуфт, ки ИА дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир омодаи ҳамкорӣ мебошад.

Ютта Урпилайнен, ҳамоҳангкунандаи умури байналмилалии ин иттиҳодия ва вазири молияи Финланд низ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки барномаи 7 солаи ҳамкории баландмуддати Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2022 оғоз меёбад, ки дар он барои кумак ба Тоҷикистон низ чанд тарҳ маддиназар мебошад.

 

Ҳайати Иттиҳодияи Аврупо пас аз ширкат дар 17-умин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе ва дидор бо раисиҷумҳур ва вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз нерӯгоҳи барқи обии “Норак” низ боздид кард.

Бештар бихонед:

Кумакҳои башардӯстонаи Банки рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон

Кумаки 91 миллион еврои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон

Кумаки пизишкии Иттиҳодияи Аврупо ба Узбекистон барои мубориза бо карона

Кумаки Иттиҳодияи Аврупо ба Узбекистон барои мубориза бо карона

Кумаки 80ҳазор еврои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон

Барчасп