Ноябр 26, 2021 16:48 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи садҳо шаҳрванди тоҷик дар муқобили сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар муқобили Сафорати Тоҷикистон дар Русия таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши Спутник, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар муқобили Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия таҷаммуъ карданд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистони муқими Маскав ба нишони эътироз ба боздошти як ҷавони 29 солаи сокини ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон таҷаммуъ карданд.

Ба гуфтаи масъулон, Гулбиддин Зиёбеков бар асоси моддаи 181 қонуни ҷиноии Тоҷикистон (гаравгонгирӣ тавассути як гуруҳи созмонёфта) ва моддаи 189 (таҳрики афкори умумӣ) боздошт шудааст.

Тибқи иттилооти расмӣ, Гулбиддин Зиёбеков ҳангоми боздошт бо аслиҳа тирандозӣ кардаву дар даргирӣ бо полис захмӣ шудааст.

Аммо расонаҳои иҷтимоӣ гузориш додаанд, ки теъдоде аз ҷавонон бо ҷасади Зиёбеков дар майдони марказии шаҳри Хоруғ таҷаммуъ карданд.

 

 

Барчасп