Дархости гурӯҳе аз мардуми шаҳри Хоруғ аз мақомоти маҳаллӣ ва додгоҳ
Сокинони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо таҷаммуъ дар майдони марказии ин шаҳр, аз мақомоти маҳаллӣ хостаанд омилини қатли шаҳрванди 29 солаи ин минтақаро одилона таҳқиқ кунанд.
Ба гузориши хабаргузории «Форс» дар Душанбе, рӯзи гузашта (панҷшанбеи 25 ноябр), баъд аз даргирӣ миёни нерӯи интизомӣ ва гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ, як сокини минтақаи Роштқалъа кушта шуд, ки дар пайи он теъдоде аз шаҳрвандон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ таҷаммуъ карданд.
Муътаризон хостори муҷозоти кормандоне шудаанд, ки сабаби кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков гаштаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дафтари матбуотии Додситонии вилояти Бадахшон бо судури баёнияе эълом кард: Гулбиддин Зиёбеков, мутаваллиди соли 1992 ба иттиҳоми иртикоби ҷурмҳое ҳамчун гаравгонгирӣ, таҳрики афкори умумӣ ва хусумати иҷтимоиву маҳаллӣ, мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт.
Ҳамчунин бар асоси гузориши додситонии Тоҷикистон, Зиёбеков дар феврали соли 2020 мелодӣ дастёри додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта буд ва ба муддати 8 соат мавриди латукӯб қарор додааст.
Бештар бихонед: