Ноябр 12, 2016 11:06 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон бояд ба дунболи истифода аз нерӯгоҳи “Роғун” бошад

Устоди Донишгоҳи Манчестери Англия муътақид аст, ки агар Ҳукумати Узбакистон, воқеан, дар қиболи тарҳи такмили нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон тағйири мавзеъ додааст, бояд ба дунболи ҳамкорӣ дар ин тарҳ ё тавофуқ бо Душанбе дар робита ба саҳми оби мавриди ниёзи худ бошад.

Ба гузориши сойти “ЕвроАзия”, Филиппо Минга бо ишора ба баста шудани маҷрои дарёи Вахш барои оғози садди 335-метрии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ва сукути Узбакистон гуфтааст, ки давлати Тошканд акнун бояд барои истифода аз ин нерӯгоҳ дар чорчӯби манофеи худ иқдом кунад. Ин устоди донишгоҳ таъкид кардааст, ки Узбакистон бояд ба таври расмӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ ҳамкории молӣ дошта бошад. Ӯ афзуд, ҳамчунин Узбакистон бояд аз Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди таъмини саҳми оби мавриди ниёзи ин кишвар пас аз ба истифода додани нерӯгоҳи “Роғун” замонат бигирад.

Баҳсҳо дар бораи нармиши мавзеи Узбакистон дар қиболи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки иҷрокунандаи итолиёии ин тарҳ эълом кардааст, ки бо истифода шудани оби дарёи Вахш дар нерӯгоҳи “Роғун” ҳеҷ тағйире дар мизони оби ин дарё эҷод нахоҳад шуд.

 Нерӯгоҳи барқ обии “Роғун” тарҳи бозмонда аз даврони шӯравист, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон бо мухолифатҳои Ҳукумати Узбакистон бо такмили ин тарҳ ниматамом раҳо шуд. Акнун ширкати итолиёие, ки корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳро ба уҳда дорад, ваъда додааст, ки соли 2018 аввалин турбинаи онро мавриди истифода қарор хоҳад дод.