Оби Норак кофист, аммо маҳудудияти барқ ҷорист
Коргарони нерӯгоҳи барқи обии “Норак” мегӯянд, оби кофӣ барои тавлиди барқ дар пушти сади ин нерӯгоҳ вуҷӯд дорад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин коркунон ба хабарнигороне, ки барои пӯшиши хабарии боздиди Ҷозеф Борелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ба ин марказ сафар карда буданд, гуфтанд, зарфияти об дар махзани сади “Норак” такмил аст.
Аммо мақомоти Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” муддаиянд, коҳиши шадиди мизони бориши нузулоти ҷавӣ мӯҷиби коҳиши тавлиди барқ шудааст ва дар бештари манотиқи рӯстоии Тоҷикистон фақат аз соати 5 то 8 ва 18 то 22 сокинон барқ доранд.
- Афзоиши зарфияти тавлиди барқи нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пас аз бозсозии таҷҳизотӣ
- Ширкати “Барқи Тоҷик” аз хариди барқи тавлидии нерӯгоҳи Сангтуда 1 нотавон аст
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ин кишвар аз содироти барқ ба хориҷ 90 миллиондоллар даромад касб кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди 37 миллиондоллар бештар аст.