Оби Норак кофист, аммо маҳудудияти барқ ҷорист
(last modified Sat, 27 Nov 2021 05:13:07 GMT )
Ноябр 27, 2021 10:13 Asia/Dushanbe
  • Оби Норак кофист, аммо маҳудудияти барқ ҷорист

Коргарони нерӯгоҳи барқи обии “Норак” мегӯянд, оби кофӣ барои тавлиди барқ дар пушти сади ин нерӯгоҳ вуҷӯд дорад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, ин коркунон ба хабарнигороне, ки барои пӯшиши хабарии боздиди Ҷозеф Борелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ба ин марказ сафар карда буданд, гуфтанд, зарфияти об дар махзани сади “Норак” такмил аст.

Аммо мақомоти Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” муддаиянд, коҳиши шадиди мизони бориши нузулоти ҷавӣ мӯҷиби коҳиши тавлиди барқ шудааст ва дар бештари манотиқи рӯстоии Тоҷикистон фақат аз соати 5 то 8 ва 18 то 22 сокинон барқ доранд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ ин кишвар аз содироти барқ ба хориҷ 90 миллиондоллар даромад касб кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди 37 миллиондоллар бештар аст.