Ноябр 27, 2021 11:21 Asia/Dushanbe
  • Бидуни натиҷа будани музокироти муътаризон ва мақомоти вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ

Музокироти муътаризон ба қатли 3 нафар аз сокинони вилояти Бадахшон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ бо мақомоти ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ дар дуюмин рӯзи ин ҳаводис бидуни натиҷа ба поён расидааст.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, дар ин музокирот Алишер Мирзонабот, раиси вилояти Бадахшон, Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, генерал Абдуллоҳ Навҷавонов, раиси полиси вилояти Суғд ва Азиз Гиёев, намояндаи Маҷлиси қонӯнгузорӣ ширкат кардаанд.

Намояндагони муътаризон хостори судури муҷаввизи расмӣ барои идома эътирозот шудаанд, ки мақомоти вилояти Бадахшон бо ин дархост мухолифат кардаанд.

Раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки аз ихтиёроти ҳуқуқӣ барои шиносоӣ ва муҷозоти нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ, ки муттаҳам ба қатли ин се нафар мебошанд, бархӯрдор нест.

Мақомоти додситонии Бадахшон ва муътаризон дар бораи ин ҳаводис дидгоҳи худро иброз кардаанд, ки аз як дигар мутафовит мебошад, зеро мақомоти амниятӣ далели кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, иртикоби ҷароиме ҳамчун гаравгонгирӣ, таҳрики хусӯмати иҷтимоӣ ва нажодӣ унвон мекунанд таҳти пайгарди қонӯнӣ қарор дошт.

Аммо муътаризони кушта шудани вай ва ду нафари дигар дар майдони шаҳри Хоруғро иқдоми амдии нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ медонанд.

Гуфта мешавад, ки иртиботи интернетӣ ва телефони ҳамроҳ бо вилояти Бадахшон қатъ шудааст.

Барчасп