Ноябр 28, 2021 10:55 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 51 дарсадии тарҳи воксиносиюни корона дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то 27 ноябри соли ҷорӣ ба 51 дарсад аз ҷамъияти болои 18 сол дозаи аввали воксани корона тазриқ шуд

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, мақомоти ин вазоратхона гӯфтанд, то ин муддат ба 2 миллиону 977 ҳазору 282 нафар дар Тоҷикистон дозаи аввали воксани корона тазриқ шуда аст, ки аз ин теъдод 2 миллиону 578 ҳазор нафар даври дувуми воксани коронаро тазриқ карданд.

То 27 ноябри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 45.8 дарсад, Суғд 43.8 дарсад, ноҳияҳои тобеъи маркази Тоҷикистон 43 дарсад ва вилояти Бадахшон 67 дарсад аз афроди болои 18 сол дозаи аввали воксани коронаро дарёфт карданд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард суръати тазриқи воксани корона дар шаҳрҳои Истаравшан, Турсунзода, Панҷакент, Кулоб, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Фархор, Вахш, Нуробод, Мастчоҳ, Рашт, Кушониён, Рӯдакӣ ва Ҳамадонӣ кунд аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп