Ноябр 29, 2021 15:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Душанбе бо раиси Кумитаи забони Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо раиси Кумитаи забону истилоҳоти ин кишвар дидор ва дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории байни Кумитаи забону истилоҳоти форсӣ гуфтгӯ карданд .

Ба гузориши рӯзи душанбеи ИРНА ,Муҳаммадтақии Собирӣ  дар ҳисоби корбарии дар Инстагром аз дидори худ бо Олимҷон Муҳаммадҷонзода-раиси Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон хабар дод ва навишт : Дар дидор бо Олимҷон Муҳаммадҷонзода-раиси Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон дар хусӯси иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории байни Кумитаи забону истилоҳот ва Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон дар арсаи забону истилоҳот гуфтугӯ ва табодули назар шуд .
Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрони баъд аз интихоб ба унвони раиси давлати сездаҳум дар нахустин сафари хориҷии худ ба даъвати расмии раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба унвони раиси давраии Созмони ҳамкории Шанхай ва ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони ин созмон 25 шаҳривари 1400 ба ин кишвар сафар кард .
Раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи гузаштаи 7 озар  ҳам дар ҳошияи нишасти сарони созмони ЭКО бо  Эмомалӣ Раҳмон-раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва дар бораи равобити хуби Эрону Тоҷикистон дар заминаҳои тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ кард .



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп