Тоҷикистон, Чин, Покистон ва Афғонистон мубориза бо терроризмро шиддат мебахшанд
Намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Чин, Покистон ва Афғонистон дар нишасте дар Пекин дар бораи тақвияти ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм ба тавофуқ расиданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ин нишаст, ки дувумин нишасти иттиҳоди чаҳорҷонибаи зидди терроризм буд, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Чин, Покистон ва Афғонистон дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар робита ба мубориза бо терроризм ба тавофуқ расиданд. Дар ин нишаст намояндагони иттиҳоди чаҳорҷониба тавофуқ карданд, ба таври давомдор барои ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва табодули иттилоот дар ин замина, кӯмаки якдигар барои ҳифзи сулҳу амният дар минтақа бо ҳам иртибот дошта бошанд.
Нишасти баъдии ин иттиҳоди чаҳорҷониба соли 2017 баргузор хоҳад шуд.
Дар авоили августи имсол Чин, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иттиҳоди чаҳорҷонибаеро ҷиҳати мубориза бо терроризм ташкил карданд.