Рушди 13.8 дарсадии умдафурӯшӣ ва дастфурушӣ дар Тоҷикистон
Гардиши молии умда ва дастфурушӣ дар Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ 2.8 миллиард долар будааст.
Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон гардиши молии тиҷоратии умда ва дастфурушӣ дар Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ 32.1 миллиард сомонӣ (2.9 миллард) буд, ки нисбат ба муддати мушобеҳ соли 2020 13.8 дарсад бештар аст.
Тайи ин давра дар бозорҳои маводи хурокӣ, пушок ва омехта ба арзиши 10.7 миллиард сомонӣ маҳсулот фурухта шуд, ки 39.8 дарсад аз кулли гардиши молии дастфуруширо шомил мешавад.
Дар моҳи январ-октябри 2021 фоидаи ҳосил аз фуруши ҳайвонот болиғ бар 2.5 миллиард сомонӣ, фаровардаҳои нефтӣ ҳудуди 6 милларду 66.5 миллион сомонӣ ва камаз ва автобус 643.3 миллион сомонӣ будааст.
Саҳми маҳсулоти ғизоӣ дар кулли тиҷорат беш аз 13.2 миллард сомонӣ ё 49.1 дарсад ғайри хурокӣ беш аз 13.7 миллард сомонӣ будааст.
Гӯшт, сосиска, калбаса, шакар ва ширинӣ, орду нон, сабзиҷот, равғани наботӣ бештарин саҳмро дар мизони табодулоти тиҷории маҳсулоти хурокӣ доштаанд.