Ноябр 30, 2021 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ барои ширкат дар чордаҳумин ҷаласаи маҷмаъи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши хабаргузори Форс, Чон Ий Ён дар сафар ба Тоҷикистон бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди вазъияти мавҷуди равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҳамчунин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Дар поёни музокирот санади ислоҳияи конвенсияи байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди иҷтиноб аз молиёти музоаф ва пешгирӣ аз гурези молиётӣ бар даромад имзо шуд.

Вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мулоқот хоҳад кард.

Чон Ий Ён дар чордаҳумин ҷаласаи маҷмаъи ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ, ки бо мизбонии Тоҷикистон ва ҳузури вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.

Ҳадаф аз ин ҷаласа тақвияти ҳамкориҳои Кореяи Ҷанубӣ бо Осиёи Марказӣ дар заминаҳои мавриди алоқаи мутақобил унвон шудааст.

Ин нахустин сафари вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон аз замони барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар аз соли 1992 аст.

Барчасп