Ройзаниҳои сафири Эрон дар Тоҷикистон барои иҷрои тафоҳумномаи кишоварзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i77574-Ройзаниҳои_сафири_Эрон_дар_Тоҷикистон_барои_иҷрои_тафоҳумномаи_кишоварзӣ
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии ин кишвар дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории кишоварзии дуҷониба табодули назар карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Ноябр 30, 2021 16:03 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сафири Эрон дар Тоҷикистон барои иҷрои тафоҳумномаи кишоварзӣ

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ва вазири кишоварзии ин кишвар дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории кишоварзии дуҷониба табодули назар карданд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар сафҳаи Инстаграми худ навишт: Дар дидор бо Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар бораи иҷрои тафоҳумномаи ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ, ки дар ҷараёни сафари сентябри гузаштаи Сайид Иброҳими Раисӣ, Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон ба имзо расид ва ҳамчунин тавсеаи заминаҳои ҳамкорӣ ва тақвияти муносиботи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи кишоварзӣ гуфтуугӯ ва табодули назар шуд.