Декабр 01, 2021 10:11 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон қонуни буҷети давлатӣ барои соли 2022 -ро имзо кард

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни буҷети давлатӣ барои соли 2022 - ро имзо кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар буҷаи  давлатии соли 2022, сиву се миллиард сомонӣ барои бахши даромади буҷет пишбинӣ шуда, ки нисбат ба буҷети соли 2021 мелодӣ 19. 4 дарсад (муодили 5. 3 миллиард сомонӣ) бештар аст.

Бахши ҳазинаии буҷети давлатӣ ба мизони 33. 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мешавад, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2021 мелодӣ 600 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар бахши ҳазинаии буҷет, бахши иҷтимоӣ ҳамчунон дар авлавият буда ва 14. 7 миллиард сомонӣ ё 43. 8 дарсад аз кулли буҷет дар соли 2022 -ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин 6. 3 миллиард сомонӣ аз ин маблағ ба системаи омӯзишӣ, 2. 9 миллиард сомонӣ барои беҳдошт, 4. 3 миллиард сомонӣ барои бимаи иҷтимоӣ ва ҳимояти иҷтимоӣ ва 1. 2 миллиард сомонӣ барои фарҳангу варзиш ихтисос дорад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп