150 миллион доллари Русия барои сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 01 Dec 2021 05:25:58 GMT )
Декабр 01, 2021 10:25 Asia/Dushanbe
  • 150 миллион доллари Русия барои сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон

Муовини нахуствазири Русия эълом кард, ки Русия барои сохти 5 мактаб дар Тоҷикистон маблағи 150 миллион доллар ихтисос додааст.

Ба гузориши сомонаи “ТАСС”, Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия ин матлабро рӯзи сешанбе 30 ноябр дар дидор бо Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Душанбе унвон кард.

Тадрис дар ин мактабҳо, ки ҳар кадом зарфияти ҳазору 200 донишомӯзро дорад, бар асоси низоми омӯзишии Русия хоҳад буд ва ин марокизи омӯзишӣ дар моҳи сентябри соли 2022 омодаи пазириши донишомӯзон хоҳанд шуд.

Ин 5 мактаб бо ҳадафи тарвиҷи забон ва фарҳанги русӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Бохтар, Турсунзода ва Кӯлоб сохта мешавад ва ҳукумати Русия мутааҳҳид шудааст, ки омӯзгорон ва таҷҳизоти мавриди ниёзи ин мактабҳоро низ таъмин кунад.

Муовини нахуствазири Русия бо сафар ба шаҳри Турсунзода бо раванди сохти яке аз ин мактабҳо ошно шуд.

Дар ҳоли ҳозир 49 муаллим аз Русия дар макотиби Тоҷикистон ба тадриси улум ва риштаҳои мухталиф машғул мебошанд, ки дар оянда теъдоди онон афзоиш хоҳад ёфт.

 

Бештар бихонед: