Иҷрои 100 дарсадии фарохони ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 02 Dec 2021 08:06:31 GMT )
Декабр 02, 2021 13:06 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 100 дарсадии фарохони ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, барномаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар ин кишвар 100 дарсад иҷро шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷикистон, 30-юми ноябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки он аз 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ идома дошт, пурра ба анҷом расид.

Гуфта мешавад, ки аз оғози ин чорабинии муҳими сиёсӣ масъулини комиссияҳои давлатии даъватӣ нахуст дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон даъвату гусели муҳофизони ояндаи Ватанро тибқи нақшаи ба онҳо пешбинишуда ва дар муҳлати муайян иҷро намудаанд.

Боляд гуфт, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.