Декабр 03, 2021 22:12 Asia/Dushanbe
  • Такмили сохти нерӯгоҳи Роғун таъсири мусбат ба иқтисоди минтақа хоҳад дошт

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ин кишвар, ба иқтисоди минтақа таъсири мусбати зиёд хоҳад дошт.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Шералӣ Кабир дар дуюмин Ҳамоиши энержии авруосиёӣ дар Маскав гуфт, ки такмили сохти ин нерӯгоҳ ба буҳрони камбуди барқ дар Тоҷикистон поён медиҳад ва заминаи обёрии 300 ҳазор гектор аз заминҳои кишоварзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам ва барои ҳазорон нафар шуғл эҷод хоҳад кард.

Вай таъкид кардааст, ки обёрии ҳар як гектор замин барои 3 нафар шуғл эҷод мекунад, ки барои кишварҳои пойиндаст дар Осиёи Марказӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад.

Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва шаш агрегат, бо зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад, ки заминаи хуруҷи Тоҷикистон аз буҳрони камбуди барқ ва содироти он ба хориҷро низ фароҳам месозад.

 

Барчасп