Нигаҳдории яке аз аъзои тоҷики гуруҳи ДИИШ дар урдугоҳе дар шимоли Сурия
(last modified Sat, 04 Dec 2021 16:52:33 GMT )
Декабр 04, 2021 21:52 Asia/Dushanbe
  • Нигаҳдории яке аз аъзои тоҷики гуруҳи ДИИШ дар урдугоҳе дар шимоли Сурия

Ҷангҷуи тоҷикӣ узви гуруҳи ДИИШ дар яке аз урдугоҳҳои зери назари Туркия дар шимоли Сурия нигаҳдорӣ мешавад.

Парвиз Раҳмонов мулаққаб ба Абудовуд, ҷангҷӯи тоҷики узви гуруҳи ДИИШ дар яке аз урдугоҳҳои таҳти назари Туркия дар шимоли Сурия нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гузориш ТОПТҶ, вай ки дар соли 2018 аз сӯи неруҳои амниятии Туркия боздошт шуда буд бо вуҷуди дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон ҳануз ба кишвараш истирдод нашуда аст.

Манобеъи хабарии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегуянд, ки вай муттаҳам аст, ки дар ҷазби 200 нафар барои узвият дар гуруҳи ДИИШ мушорикат дошта аст.

Ӯ дар феҳрести афроди таҳти пайгирии полиси байналмилал низ қарор дорад.

Аммо мақомоти Туркия ба далели номаълум ӯро ба урдугоҳе дар шимоли Сурия мунтақил карданд.

Гуфта мешавад Абудовуд ба ҳамроҳи ҳамсар ва 4 фарзандаш дар урдугоҳи таҳти контроли неруҳои вобаста ба Туркия нигаҳдорӣ мешавад.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон эълом карданд, ки ҳудуди 2 ҳазор шаҳрванди ин кишвар бо пайвастан ба гуруҳи ДИИШ ба Сурия ва Ироқ рафтанд, ки теъдоде кушта ва бақия боздошт ва зиндонӣ шуданд.