Декабр 06, 2021 11:02 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 2 миллиарду 179 миллион сомонӣ барои бозпардохти қарзҳои хориҷии Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон дар қонуни буҷети соли 2022 барои ихтисоси 2 миллиарду 179 миллион сомонӣ бобати бозпардохти қарзҳои хориҷии ин кишвар барномарезӣ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин қонун пардохти маблағи 1 миллиарду 59 миллион сомонӣ ба унвони суди молии қарзҳои хориҷии ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2022 пешбинӣ шудааст .
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси буҷети ҳукумати Тоҷикистон имсол як миллиард сомонӣ ба манзури бозпардохти қарзҳои хориҷӣ ва 861 миллион сомонӣ бо ҳадафи бозпардохти суди ин қарзҳо дар назар гирифта шуда буд .
Маҷмӯи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 200 миллион доллар расидааст, ки 1 миллиарду 200 миллион доллари он қарзҳои Бонки содироту воридоти Чин аст .


Бештар бихонед :

 

Барчасп