Талоши Тоҷикистон барои эъзоми коргар ба Кореяи ҷанубӣ
Мақомоти Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон таи солҳои охир талоши зиёде ба харҷ медиҳанд, ки коргарони худро ба Кореяи ҷанубӣ эъзом кунанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, феълан дар бораи теъдоди дақиқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Кореяи ҷанубӣ оморе дар даст нест, вале бархе аз тоҷикҳо дар ин кишвар ба таври ғайрирасмӣ фаъолият мекунанд.
Зеро бештари ин афрод дорои шаҳрвандии русӣ низ мебошанд ва бо раводиди гардишгарӣ аз Русия ба Кореяи ҷанубӣ мераванд ва дар ин кишвар бидуни муҷаввиз ба кор машғул мешаванд.
Ин афрод ҳангоми хурӯҷ аз ин кишвар ба иттиҳоми ҳузури ғайримуҷоз ба муддати 5 сол мамнуъулвуруд хоҳанд шуд.
Теъдоди дигаре ҳам бо муҷаввизи расмӣ аз сӯи ширкатҳои корёбии Русия ба Кореяи ҷанубӣ фиристода мешаванд .
Бо ин ҳол Раҳмон Улмасов- коршиноси умури муҳоҷират дар Тоҷикистон муътақид аст, ки дар Кореяи ҷанубӣ ба коргарони муҳоҷир, ки дорои муҷаввизи расмӣ ҳастанд, маоши муносиб пардохт мешавад. Аммо Тоҷикистон барои фиристодани коргарони хеш ба ин кишвар бояд омӯзиши забони кореяиро ба таври ҷиддӣ дар дастури кор қарор диҳад, ки шарти муҳим дар ростои ба кор қабул кардани ин афрод хоҳад буд .
Ҳар чанд, ки миллионҳо нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ва Қазоқистон фаъолият мекунанд, ки забони русиро медонанд ва аз ин нигоҳ мушкиле надоранд.
Бештар бихонед :
- Эъзоми садҳо коргари сохтмонсози тоҷик ба Русия
-
Оғози баёноти Раҳбари Муаззами Инқилоби исломӣ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии коргар ва рӯзи муаллим
-
Маскав дар Тоҷикистон маркази ҷазби коргарони муҳоҷир ифтитоҳ мекунад