Ташдиди муқаррароти доштани гувоҳиномаи тазриқии воксанаи корона дар Суғд
(last modified Thu, 09 Dec 2021 06:49:08 GMT )
Декабр 09, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • шарти  вуруди донишомӯзон ба дарс, ироаи рунавишти гувоҳиномаи тазриқии ваксинаи  корона аст
    шарти  вуруди донишомӯзон ба дарс, ироаи рунавишти гувоҳиномаи тазриқии ваксинаи  корона аст

Мақомоти тандурусти вилояти Суғд, доштани гувоҳиномаи тазриқии воксанаи коронаро дар бахшҳои ҳамлу нақл ,омӯзишу парвариш ва ҷашну маросимҳо иҷбори карданд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, дар ин бахшномаи шарти  вуруди донишомӯзон ба дарс, ироаи рунавишти гувоҳиномаи тазриқи ваксини  корона, ба мудирони мактабҳо эълом шудааст.

Ҳамчунин Маҷнун Орифов, муъовини идораи мубориза бо бемориҳои вогирдори вилояти Суғд эълом кард ,ки мудирони рестаранҳо  фақат дар сурати  ироаи гувоҳиномаи тазриқии воксанаи корона метавонанд афродро барои ҳузур дар маросим пазириш кунанд.

Вай афзуд :дар сурати тахаллуф, рестаран  баста  хоҳад шуд.

Қаблан низ идораи полиси роҳнамоӣ  ронандагии вилояти Суғд аз сокинони шимолӣ Тоҷикистон дархост карда буданд ,ки дар сурати надоштани гувоҳиномаи тазриқии воксанаи  корона аз сафар ба Душанбе ва навоҳии марказӣ кишвар худдорӣ кард.

 

Бештар бихонед: