Декабр 09, 2021 13:39 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Тоҷикистон ва Русия,барои тавлиди муштараки таҷҳизоти имронӣ
    Тавофуқи Тоҷикистон ва Русия,барои тавлиди муштараки таҷҳизоти имронӣ

Намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе аз тавофуқи дутарафа барои тавлиди муштараки таҷҳизоти сангини роҳсозӣ ва сохтмонсозӣ дар дохили Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши  сомонаи"Спутник", Евгений Коренков  ин матлабро дар нишасти муштараки намояндагони ширкатҳои роҳсозӣ ва сохтмонсозии Русия ва ширкати Тоҷикистон тавлиди мошинҳои сангинро  эълом кард.

Вай таъкид кард ,ки дар бозори Тоҷикистон бештари таҷҳизоти сангини роҳсозӣ ва сохмонсозӣ тавлиди Чин аст.

  • Намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе изҳор кард, дар бозори Тоҷикистон заминаи муносиб барои фӯруши ин таҷҳизот вуҷуд дорад.
  • Ба гуфтаи Евгений Коренков  қимати таҷҳизоти тавлид шуда дар дохили Тоҷикистон дар муқоиса бо намунаҳои чинӣ арзонтар ва аз кайфияти болое низ бархӯрдор аст .

Бар асоси тавофуқи дуҷонибаи тавлидии муштараки таҷҳизоти сангини роҳсозӣ ва сохтмонсозӣ соли 2022  дар Тоҷикистон оғоз мешавад.