Оғози тасвирбардории филми ҷадиди Муҳиддини Музаффар
Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, тасвирбардории филми синамоии “Тангно” ба коргардонии Муҳиддини Музаффар, синмогари ҷавони тоҷик оғоз шуд.
Ба гузориши сойти Авесто, ин филми ҷадиди синамоӣ бар асоси достоне аз Сорбон-нависандаи тоҷик, таҳия хоҳад шуд ва акнун тасвирбардории он, дар минтақаи хуш обу ҳавои Амондараи ноҳияи Панҷакент оғоз шудааст.
Ин филми ҷадиди синамоӣ бо кумаки молии созмони «Суғд Синамо», ки дар вилояти Суғд бо ҳадафи таҳияи филмҳои синамоӣ таъсис шудааст, таҳия хоҳад шуд.
То кунун се филми синамоии «Коса», «Духтари Сайҳун» ва «12 соли интизор» бо кумаки молӣ ва фаннии ин созмон, таҳия ва намоиш дода шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки филми “Коса” дар чандин ҷашнвораи байналмилалӣ аз ҷумла 12-умин Ҷашнвораи филмҳои исломӣ, дар шаҳри Қазон-маркази ҷумҳурии Тотористони Русия ва ҷашнвораи Лондон, дар Англия мақом овардааст.