Декабр 09, 2021 16:15 Asia/Dushanbe
  • Буҳбудии зерсохтҳои низомии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи низомии Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълом кард, ин созмон ба хотири суботи минтақа, зерсохтҳои низомии Тоҷикистонро тақвият хоҳад кард.

Ба гузориши Форс, Валерий Герасимов, раиси Кумитаи низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия аз тақвияти зерсохтҳои низомӣ дар Тоҷикистон хабар дод.

Вай зимни суханоне дар нишасти Кумитаи низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, гомҳои баъдӣ барои беҳбуди зерсохтҳои низомӣ дар хоки Тоҷикистон ба нафъи истиқрори гурӯҳҳои эътилофи нерӯҳои ҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, таъйин шудааст.

Ба гуфтаи вай,  аҳдофи таъйиншуда дар нишасти Кумитаи низомӣ муҳаққақ ва натоиҷи он ба тақвияти системаи амнияти ҷамъӣ ва ҳифзи суботи минтақаӣ кумак хоҳад кард.

Бештар бихонед: