Декабр 12, 2021 12:31 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 38 дарсадии воридоти орд ба Тоҷикистон таи 10 моҳи имсол

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз коҳиши 38 дарсадии воридоти орд ба ин кишвар таи 10 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, таи ин муддат ба Тоҷикистон 45 ҳазору 400 тон орд ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 38 дарсад коҳиш доштааст .
Аммо таи ин муддат Тоҷикистон 814 ҳазор тон гандум ворид кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 7,1  дарсадиро нишон медиҳад.

Ин дар ҳоле аст соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 855 ҳазор тон гандум бардошт шудааст .

Тоҷикистон ниме аз гандуми мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон таъмин мекунад.
Дар соли ҷорӣ қимати ҳар халтаи 50 килограмии орд дар Тоҷикистон ба 300 сомонӣ расид, ки ин афзоиш таи солҳои ахир бесобиқа будааст .

 

Барчасп