Декабр 13, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар ҷойгоҳи дувуми теъдоди коргарони муҳоҷир дар Русия

Вазорати дохилаи Русия эълом кард Тоҷикистон аз назари фиристодани коргарони муҳоҷир ба Русия таи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник ,таи ин муддат 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия сафар кардаанд.
Бар асоси омор Узбекистон бештарин теъдоди коргарони муҳоҷирро дар Русия дорад .
Ҳамчунин 60 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия дар соли ҷорӣ ба ин кишвар сафар кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Шаҳноза Нодирӣ- муовини вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон эълом кард таи 10 моҳи соли ҷорӣ 331 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик барои кор ба Русия сафар карданд . Коршиносон тафовути омори коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия миёни Душанбе ва Маскавро дар навъи шумориши ин афрод унвон мекунанд.
Зеро дар Тоҷикистон фақат афроди сарпарасти хонаводаро ба унвони коргари муҳоҷир мешиносанд, аммо мақомоти Русия аъзои хонаводаи ононро ҳангоми вуруд ба ин кишвар шомили коргарони муҳоҷир ҳисоб мекунанд .

 

Барчасп