Маъофияти молиётӣ ба яке аз ширкатҳои созандаи нерӯгоҳи Роғун
Яке аз ширкатҳои созандаи нерӯгоҳи Роғун аз маъофияти молиётӣ бархурдор шуд .
Ширкати " Tractebel Engineering S . A " ба унвони яке аз паймонкорон(созандагон)и нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун дар Тоҷикистон маъофияти молиётӣ дарёфт кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бар асоси қонуни буҷети 2022-и Тоҷикистон, ширкати ёдшуда аз пардохти молиёт(андоз) ва молиёт бар арзиши афзуда озод шудааст .
Ҳукумати Тоҷикистон эълом кард турбинаи сеюми ин нерӯгоҳро апрели соли ҷорӣ баҳрабардорӣ мекунад.
Турбинаи нахусти нерӯгоҳи Роғун пас аз 40 сол дар ноябри соли 2018 ва турбинаи дувуми он дар сентябри соли 2019 баҳрабардорӣ шуд .
Нерӯгоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт- соъат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ-обии минтақа аст .
Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт .
Бештар бихонед :
- Такмили сохти нерӯгоҳи Роғун таъсири мусбат ба иқтисоди минтақа хоҳад дошт
-
Сармоягузории Бонки рушд ва бозсозии Аврупо дар нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон