Душанбе – барандаи ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”
(last modified Sun, 13 Nov 2016 10:04:23 GMT )
Ноябр 13, 2016 15:04 Asia/Dushanbe
  • Душанбе – барандаи ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”

Шаҳри Душанбе барандаи ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”-и Бунёди Роҳи абрешими Чин шуд.

Ба гузориши ИРНА, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе рӯзи якшанбе дар сафҳаи фейсбукии худ бо эъломи ин хабар гуфт, пойтахти Тоҷикистон ҳамроҳ бо панҷ шаҳри дигари ҷаҳон, шомили Афинаи Юнон, Рими Италия, Ашқободи Туркманистон, Бокуи Озарбойҷон ва Бишкеки Қирғизистон ин ҷоизаро ба даст овардааст.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфтаанд, ҷоизаи “Шаҳри сулҳ”-и Бунёди Роҳи абрешим барои таъмини субот, амният, ҳамзистии қишрҳои ҷомеа ва динҳо, гуфтугӯи тамаддунҳо, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ин шаҳр ихтисос ёфтааст. Созмони ЮНЕСКО низ сол 2004 ҷоизаи мушобеҳеро ба далели тақвияти арзишҳои сулҳ, бурдборӣ ва ҳамбстагӣ дар зиндагии рӯзмарра ба шаҳри Душанбе тақдим карда буд.

Шаҳри Душанбе, ки аз соли 1929 то соли 1961-и милодӣ ба Сталинобод тағйири ном дода буд, шаҳри тозатаъсисе аст, ки дар тӯли камтар аз 100 сол аз рустои кӯчаке ба маркази умдаи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон табдил шудааст.